563A6238.JPGРӯзи 21 феврали соли 2018 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои роҳбарон ва кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ: БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо”, ҶСП ТАҚҲ “Имон Интернешнл”,  ҶДММ ТАҚҲ “Арванд” семинари машваратӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади беҳтар намудани раванди маблағгузории хурди исломӣ дар доираи татбиқи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар кори семинари машваратӣ муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ, ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

image-0-02-04-181f94ab90c05a3931267fe496c04bc7fc22d0b3680a07f221bc03df4d30d22f-V.jpgДушанбе 21.12.2017с. Заргарӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва қадимаи халқи тоҷик аст, ки тӯли ҳазорсолаҳои таърих то имрӯз боқӣ мондааст. Заргарӣ миёни мардуми тоҷик, бахусус, мардуми Хатлонзамин то ҳанӯз мақоми хоса дорад ва ҳанӯз ҳам таваҷҷӯҳи мардум нисбати ин касби аҷдодӣ зиёд шудан дорад. Қаҳрамони мо Фирузи Назрӣ низ аз қабили он шахсонест, ки аз айёми ҷавонӣ орзуи заргар шуданро дошт.Ин буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои омӯхтани касби заргарӣ ба Маркази касбомӯзии таълимии ноҳияи Мӯъминобод, ки дар доираи барномаи VOLIP аз касбу ҳунарҳои мардумӣ курсҳои касбомӯзӣ кушода буд, ҳуҷҷатҳои худро ба гурӯҳи заргарӣ месупорад.

20171130_102608.jpgДушанбе 08.12.2017с. Дар урфият мегўянд, ки «Њамаи касбњо хубанд, бо табъи дил интихоб намо» Мо низ ин аќидаро пурратар карда мегўем, ки ќањрамони мо Акбаров Аминҷон нафаќат бо табъи дил балки новобаста ба имконияти молиявии худ касби дўстдоштаашро омўхт.Барои соҳибкасб шуданаш Барномаи VOLIP саҳмгузор шуд.Аминҷон њанўз аз сину соли хурдї орзў дошт, ки ороишгари мўй шавад. Пас аз хатми Муассисаи тањсилоти миёнаи умумӣ роњи амали гардонидани орзўи худро мељуст. Бахташ омад кард њангоми аз назди литсейи касбии дӯзандагӣ гузаштан чашмаш ба овезаи хушрангуборе бархўрд.

20171117_094847.jpg

Душанбе 01.12.2017с. Насриддинов Алишер яке аз хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи барномаи VOLIP дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе касби кафшергари газиву барқиро омӯхта соҳиби шаҳодатнома шудааст. Ӯ мегӯяд: Ба ман аз хурдсолӣ меҳнат карданро омӯхтаанд. Дар он муҳите, ки ба воя расидаам, ин зарурати ҳатмӣ буд. Агар ту писар бошӣ, ту бояд ба оилаи худ кӯмак карда тавонӣ. Ман ки аз хурдсолӣ ба кафшергарӣ ҳавас доштам, қарор додам, ки ин касбро дақиқ омӯхта соҳибкасб шавам.

Саҳифаи 1 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ