20171117_094847.jpg

Душанбе 01.12.2017с. Насриддинов Алишер яке аз хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи барномаи VOLIP дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе касби кафшергари газиву барқиро омӯхта соҳиби шаҳодатнома шудааст. Ӯ мегӯяд: Ба ман аз хурдсолӣ меҳнат карданро омӯхтаанд. Дар он муҳите, ки ба воя расидаам, ин зарурати ҳатмӣ буд. Агар ту писар бошӣ, ту бояд ба оилаи худ кӯмак карда тавонӣ. Ман ки аз хурдсолӣ ба кафшергарӣ ҳавас доштам, қарор додам, ки ин касбро дақиқ омӯхта соҳибкасб шавам.

Дар тули ду моҳе,ки  ман дар коллеҷ  дарс омухтам бисёр маълумотҳои муҳимро оиди кафшергарӣ аз худ кардам, таҷрибаи кофӣ пайдо намудам ва акнун ният дорам, ки аз  қарзҳои хурди имтиёзноки ин барнома, ки ба тариқи кумаки молӣ медиҳад истифода бурда таҷҳизотҳои кафшергариро харидорӣ намуда як сехи кафшергарӣ кушояму ба кори соҳибкорӣ машғул шавам. Ман аз барномаи VOLIP барои ба мо ҷавонон фароҳам овардани чунин имкониятҳо миннатдор ҳастам, зеро акнун ман феълан ба оилаи худ кӯмак намуда сатҳи зиндагиамонро андаке бошад ҳам баланд бардошта метавонам.

20171117_094729.jpg

20171117_094900.jpg

20171117_095220.jpg

 

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ