20171130_102608.jpgДушанбе 08.12.2017с. Дар урфият мегўянд, ки «Њамаи касбњо хубанд, бо табъи дил интихоб намо» Мо низ ин аќидаро пурратар карда мегўем, ки ќањрамони мо Акбаров Аминҷон нафаќат бо табъи дил балки новобаста ба имконияти молиявии худ касби дўстдоштаашро омўхт.Барои соҳибкасб шуданаш Барномаи VOLIP саҳмгузор шуд.Аминҷон њанўз аз сину соли хурдї орзў дошт, ки ороишгари мўй шавад. Пас аз хатми Муассисаи тањсилоти миёнаи умумӣ роњи амали гардонидани орзўи худро мељуст. Бахташ омад кард њангоми аз назди литсейи касбии дӯзандагӣ гузаштан чашмаш ба овезаи хушрангуборе бархўрд.

Аз мазмун маълум шуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии дўзандагии шањри Душанбе бо кўмаки молиявии барномаи VOLIP курсњои касбомӯзӣ ба фаъолият оѓоз намудааст. Рўзи дигар ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба литсей ба курсҳои «Ороишгари мўй» супорид. Аминҷон дар назди устои ороишгари мўй Хокироев Шањром дар муддати начандон тўлонї тамоми нозукињои касби дўстдоштаашро хуб омўхт. Иннак ў дар яке аз марказњои ороиши мўй њамчун мутахассиси ин соња фаъолият карда истодааст. Мизољон хеле зиёданд, зеро Аминҷон мувофиќи матлаби онњо амал менамояд ва устои касби худ аст. Ният дорад, ки минбаъд аз бонк, ки дар доираи барномаи  VOLIP ба хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ қарзҳои имтиёзнок медиҳад ќарз гирифта нуќтаи кории худро кушояд. 

20171130_102527.jpg

20171130_102658.jpg

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ