image-0-02-04-181f94ab90c05a3931267fe496c04bc7fc22d0b3680a07f221bc03df4d30d22f-V.jpgДушанбе 21.12.2017с. Заргарӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва қадимаи халқи тоҷик аст, ки тӯли ҳазорсолаҳои таърих то имрӯз боқӣ мондааст. Заргарӣ миёни мардуми тоҷик, бахусус, мардуми Хатлонзамин то ҳанӯз мақоми хоса дорад ва ҳанӯз ҳам таваҷҷӯҳи мардум нисбати ин касби аҷдодӣ зиёд шудан дорад. Қаҳрамони мо Фирузи Назрӣ низ аз қабили он шахсонест, ки аз айёми ҷавонӣ орзуи заргар шуданро дошт.Ин буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои омӯхтани касби заргарӣ ба Маркази касбомӯзии таълимии ноҳияи Мӯъминобод, ки дар доираи барномаи VOLIP аз касбу ҳунарҳои мардумӣ курсҳои касбомӯзӣ кушода буд, ҳуҷҷатҳои худро ба гурӯҳи заргарӣ месупорад. Фируз дар Маркази таълимӣ аз устодони пуртаҷриба нозукиҳои касби заргариро омӯхта курсҳои касбомӯзиро бо муваффақият хатм намуда соҳиби шаҳодатномаи касбӣ мегардад. Ҳоло бошад ӯ аз қарзҳои хурди имтиёзноки барномаи VOLIP истифода намуда нияти дар бозори марказии ноҳияи Мӯъминобод кушодани дукони заргарии худро дорад. Ҳамин тариқ орзуи деринаи Фируз бо барномаи VOLIP амалӣ гардид.

image-0-02-04-a24327b10471485c9801cac95a1f3e9f9356ce739ef6b7d320ca2484240b972e-V.jpg

image-0-02-05-39e9302a6aee779c93ee2cb71aa6c906063fd95bd9e7a119bc50d8f4977cb6da-V.jpg

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ