563A6238.JPGРӯзи 21 феврали соли 2018 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои роҳбарон ва кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ: БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо”, ҶСП ТАҚҲ “Имон Интернешнл”,  ҶДММ ТАҚҲ “Арванд” семинари машваратӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади беҳтар намудани раванди маблағгузории хурди исломӣ дар доираи татбиқи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар кори семинари машваратӣ муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ, ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

 

Дар доираи барномаи семинари мазкур аз тарафи шахсони масъули Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ оид ба рафти амалишавии маблағгузории хурд дар минтақаҳо, мушкилотҳо ва пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ ба баҳрабарандагони барнома муаррифӣ пешниҳод карда шуданд:

            Масъулини Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ (Азизов Муҳиддин) ва шуъбаи назорати фаъолияти бонкдории исломӣ (Давлатбек Ҳалимов) муаррифии худро ҷиҳати амалишавии раванди маблағгузории хурди исломӣ тибқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ  байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуда, иштирокчиёнро ба таърихи таъсис ва роҳандозӣ намудани низоми бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартариятҳои он пешниҳод намуданд.

Дар муаррифӣ қайд гардид, ки бо назардошти вазифаҳое, ки дар Паёми  Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) зикр гардидаанд ва соли 2018 эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гурӯҳои мақсадноки қарзгирандагон восеъ карда шуд, ки ба раванди маблағгузории хурд суръат мебахшад.

            Ҳамзамон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои қарзӣ дар мавзӯъҳои: БДА “Амонатбонк” (Раванди ташкили қарздиҳӣ, мушкилотҳо ва нақшаҳои оянда дар заминаи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ),  ҶСК “Бонки Эсхата” (Ташкили қарздиҳии хурд ва тарзи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба баҳрабарандагони барномаи VOLIP”,  ҶСП “Спитамен Бонк” (Муаррифии механизм ва ҳуҷҷатҳо барои қарздиҳии хурд тибқи принсипҳоии маблағгузории исломӣ), ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” (Ташкили фаъолияти бонкӣ, ҷиҳати қарздиҳии хурди исломӣ дар доираи барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ VOLIP дар Тоҷикистон) ва ҶСП ТАҚҲ “Имон Интернешнл” (Механизми ташкили фаъолияти қарздиҳии хурди исломӣ ва таҳияи бизнес – нақшаҳои инфиродӣ) гузориш пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои ба даст оварда ва роҳу усулҳои бартарафсозии мушкилотҳо баромад намуданд.

Ҳамоҳангсози “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” Исроил Исмоилов дар мавзӯъи “Раванди корҳо ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини татбиқи барномаи VOLIP дар самти маблағгузории хурд” баромад намуда, диққати кормандони ташкилотҳои қарзиро ба беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, гузаронидани корҳои таблиғотӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои азхудкунии маблағҳо нигаронд.

Иштирокчиёни семинар вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта ба саволҳои худ посухи қаноатбахш гирифта, иброз намуданд, ки баҳри беҳтар намудани раванди маблағгузории хурд тамоми чораҳоро меандешанд, дар татбиқи барномаи мазкур ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ҷавонписарон (то 24 сола) ва ҷавон духтарону занҳо (то 49 сола),  ки курсҳои таълимии касбиро, хусусан дар доираи барномаи VOLIP хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома/сертификат оид ба касб гардиданд, метавонанд аз маблағгузории хурд барои ташкили фаъолияти корӣ/шуғли пурмаҳсул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ истифода намоянд.

ШАРТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД:

  • Андозаи қарзҳои хурд ба як нафар: аз 200 то 1000 доллари ИМА.
  • Даромади солона: на зиёда аз 5 фоиз (як моҳа 0,41%).
  • Муҳлати маблағгузории хурд:  то 12 (дувоздаҳ) моҳ.
  • Муҳлати имтиёз барои бозпардохти маблағ: 3 (се) моҳи аввал аз санаи дарёфти маблағ.
  • Бе гарав, дар асоси кафолатнома/шаҳодатномаи шахсӣ. Молҳои харидоришуда низ метавонанд ҳамчун гарав истифода шаванд.
  • Таҳияи безнес-нақшаҳо барои қарзгирандагон ройгон аст.

Қарзҳоихурди имтиёзнок аз шуъбаю филиалҳои бонкҳои зикргардидаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд, Хуросон, Мъминобод, Ҳамадонӣ, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод ва Зафаробод дастрас карда мешавад.

  • БДА ҶТ“Амонатбонк”
  • ҶСК "Бонки Эсхата"
  • ҶСП “Спитамен Бонк”
  • ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон"
  • ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”
  • ҶСП ТАҚХ“ИмонИнтернешнл”
  • ҶСП ТАҚХҲумо”
  • ҶДММ ТАҚХ "АРВАНД"

Маълумот барои тамос:   

  • ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА: тел. 227-34 -18, 93 32 00 06 (Ғоибов Некрӯз)
  • БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: тел. 987 82 36 86 (Азизов Муҳиддин)

563A6220.JPG

563A6237.JPG

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ