DSCN0451

Душанбе 23.08.2017с. Имрӯз дар дафтари марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» семинар оид ба раванди маблаггузории хурд дар доираи «Барномаи саводнокии касби барои паст намудани сатхи камбизоати (VOLIP) дар Точикистон» баргузор гардид.

Семинар таҳти раёсати Маҳмудзода Б., муовини раиси бонк ва бо иштироки ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И.Ш., роҳбарон ва намояндагони «БДА ҶТ «Амонатбонк» дар  шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ ва дигар масъулони бонк гузаронида шуд.

Маҳмудзода семинарро оғоз намуда оид ба ҳадафу мақсади гузаронидани семинар, зарурати он гуфта гузашт. Сипас ҳамоҳангсози VOLIP Исмоилов И.Ш., диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои раванди татбиқи барномаи  VOLIP ва корҳо ҷиҳати маблағгузории хурд ба хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ ва мушкилотҳои ҷой дошта ҷалб намуд.

DSCN0442

Душанбе 17.08.2017с. Имрӯз дар Бонки миллии ҶТ ҷаласаи кори оид ба рафти маблаггузории хурд дар доираи «Барномаи саводнокии касби барои паст намудани сатхи камбизоати (VOLIP) дар Точикистон» баргузор гардид. Ҷаласаи корӣ таҳти раёсати Икроми С.С., Муовини Раиси Бонки миллии Точикистон ва бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми ЧТ Усмонзода Ф.Б., директории ичроияи ГТЛ Шерализода М.У., хамохангсози VOLIP Исмоилов И.Ш., рохбарон ва намояндагони ташкилотхои карзии «БДА ЧТ «Амонатбонк», ЧСК «Бонки Эсхата», ЧСП ТАКХ «Имон Интернешнл», ЧСП «Спитамен Бонк», ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон», ТАКХ «Хумо»

DSCN0023

Душанбе 28.06.2017с. Рӯзҳои 8 - 22 июни соли ҷорӣ, дар зиёда аз 27 муассисаи таълимии ҳамкор вохӯрии хатмкунандагони  курсҳои  кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо кормандони масъули ташкилотҳои қарзии БДАТ “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП ТАҚҲ  “Имон Интернешнл”, Фонди қарзии “Боршуд” ва ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” баргузор гардид. Дар вохӯриҳо масъалаҳо оид ба тарзу  тартиби дастрас намудани маблағгузории хурд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ  ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ VOLIP дар Тоҷикистон” мавриди муаррифӣ ва баррасӣ қарор дода шуданд. 

meeting zafaraba m1Душанбе, 09.06.2017с. Дирӯз, дар толори кохи фарҳанги н. Зафаробод вохӯрии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзии Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия бо намояндагони ташкилотҳои қарзии бонки “Имонинтрнейшнал”, бонки “Ҳумо” ва бонки “Эсхата” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Саҳифаи 4 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ