bank mission m1Душанбе, 25.05.2017 с. 23-24 майи соли ҷорӣ, миссияи Бонки Исломии Рушд дар шахси намояндаи масъули идораи минтақавии Бонк дар ш. Алма-Ато Рустам Эшонхуҷаев ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, марҳилаи сеюм ва лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз намуд.

seminar NBT day8 m1Душанбе, 24.05.2017с. Дирӯз, даври ниҳоӣ, даври сеюми семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзии интихобшудаи шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Норак, Хуросон, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Зафаробод, Файзобод ва Нуробод хотима ёфт. Зимни он дар баробари азхудкунии донишҳои назариявӣ инчунин масъалаҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи амалиётҳои маблағгузории исломӣ дар доираи барномаи VOLIP баррасӣ карда шуданд.

seminar day3 m1Душанбе, 19.05. 2017с. Дирӯз, дар толори Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон даври дуюми семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзии интихобшудаи ш. Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуд, ки дар баробари азхудкунии донишҳои назариявӣ инчунин масъалаҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи амалиётҳои маблағгузории исломӣ дар раванди қарздиҳии хурди барномаи VOLIP баррасӣ карда шуданд.

seminar NBT m1Душанбе, 16.05.17с. Имрӯз, дар толори Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ (давлатӣ ва ғайридавлатӣ), ки барои иштирок дар доираи татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” интихоб гардида буданд, даври аввали семинари омӯзишӣ дар мавзӯъи маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ баргузор гардид.

Саҳифаи 5 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ