nurobod certificate m1Душанбе 10.05.2017с. Рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар Маркази таълимии касбомӯзии ноҳияи Нуробод маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба зиёда аз 150 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Фермер-соҳибкор”, “Кафшергари газию барқӣ” ва “Муҳосиб бо донистани компютер” баргузор гардид. Курсҳои мазкур дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ташкил шуда буд.

certificate zafarobod m1Душанбе 28.04.2017с. Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ дар толори кохи фарҳанги “Зафар”-и ноҳияи Зафаробод маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба зиёда аз 150 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзии Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ аз рӯйи касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Муҳосиб бо донистани компютер” ва “Кафшергари газию барқӣ” баргузор гардид. Курсҳои мазкур дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузаронида шуданд.

certificate hamadoni m1Душанбе 26.04.2017с. Рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҳамадонӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба зиёда аз 140 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Қаннод”, “Бофанда”, “Ошпаз”, “Сабзавотпарвар” ва “Челонгар оид ба таъмири автомобил “ баргузор гардиданд. Курсҳои мазкур дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузашта истодаанд. 

hissar grad m1Душанбе 17.04.2017с. Рӯзи 13 ва 14 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълими касбомӯзии ноҳияи Хуросон ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои “Муҳосиб бо донистани компютер”, “Дӯзанда”, “Бофанда”, “Қаннод”, “Ошпаз”, “Дизайнер (дохилӣ)” ва “Сартарош/Ороишгари муй” баргузор гардиданд. Курсҳои мазкур дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузашта истодаанд.

Саҳифаи 6 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ