certificate dushanbe m1Душанбе 01.04.2017с. Рӯзи 30 ва 31 марти соли ҷорӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ва Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба зиёда аз 180  нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои “Муҳосиб бо донистани компютер”, “Дӯзанда”, “Монтёри барқӣ”, “Қаннод” ва “Сартарош/Ороишгари муй” баргузор гардид. Курсҳои мазкур дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузашта истодаанд. Хатмкунандагон маҳсулоти дар раванди машғулиятҳо тайёр намудаашонро ба маърази намоиш гузоштанд.

ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ТАҶДИД ВА ИДОМАИ СОХТМОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА ТАМОМИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗИИ БАРНОМАИ VOLIP ВА ТАМОМИ ОМӮЗГОРОНУ УСТОҲОИ ТАЪЛИМИ ИСТЕҲСОЛИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲАМКОРРО БО ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБРИКУ МУБОРАКБОД НАМУДА, БА ҲАМАГОН ТАНСИҲАТИВУ ОБОДӢ ВА ДАР КОРҲО, ҶИҲАТИ АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМАИ МАЗКУР БАРОРУ КОМЁБӢ ОРЗУ МЕНАМОЯД.

certificate mumin m1Душанбе 20.03.17с. Рӯзи 18 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълими касбомӯзии ноҳияи Мӯъминобод дар назди Донишгоҳи Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои касб ба 116 нафар хатмкунандаи курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” аз рӯйи касбҳои “Бофандагӣ”, Дӯзандагӣ”, “Гӯлдӯзӣ”, “Қаннодӣ” ва “Технологияи консерва” гузаронида шуда буданд, баргузор гардид. Хатмкунандагон маҳсулоти дар раванди машғулиятҳо тайёр намудаашонро ба маърази намоиш гузоштанд.

certificate givingДушанбе 14.03.2017. Рӯзи 14-марти соли ҷорӣ дар Литсейи касбии техникии н. Файзобод маросими супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи барномаи VOLIP ташкил шуда буданд, баргузор гардид. Ба 49 нафар хатмкунандаи ин курсҳо ҳуҷҷати ягонаи давлатӣ-шаҳодатнома аз рӯйи касбҳои “Бофандагӣ” “Дӯзандагӣ” ва “Қаннодӣ” супорида шуданд.

Саҳифаи 7 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ