final hissar m1Душанбе 11.03.2017. Рӯзи 10- марти соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории ш.Ҳисор баъди анҷоми курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи барномаи VOLIP ташкил шуда буданд, зиёда аз 90 нафар ҷавон ва занони бекасбу ихтисос аз рӯйи касбҳои “Дӯзандагӣ” ( як гурӯҳи духтарони 15-24 сола ва як гурӯҳи занони 24-49 сола ҳамагӣ 43 нафар), “ Муҳосиб бо донистани компютер” (24 нафар) ва гурӯҳи “Ороишгари муй” (23 нафар) имтиҳонҳои хатмро супорида, соҳиби касб гардиданд.

TM inish workДушанбе, 07.03.2017 с. Рӯзи 6-и марти соли ҷорӣ дар дафтари кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои рафти ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар доираи барномаи VOLIP баргузор гардид. Ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И. гузашт, ки дар он кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва ширкати машваратии “Ориён” иштирок доштанд.

08.02.2017, шаҳри Душанбе: 14 декабри соли 2016 байни Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба хатти маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми умумии 2 976 500, 00 доллари ИМА ба имзо расид, ки аз тарафи Бонки исломии Рушд маблағгузорӣ карда мешавад.Маблағҳои хатти маблағгузории хурд, ки 2 920 000,00 доллари ИМА-ро ҳамчун Фонди гардишӣ барои ихтиёрдорӣ ва идоракунӣ ба муддати 5 (панҷ) сол дода мешавад.

meeting 30.01.2017

Душанбе, 30.01.2017 с. Имрӯз, дар дафтари кории гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна бо ташкилотчиёни минтақавии курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии барномаи VOLIP оид ба масъалаҳои раванди ташкили корҳои касбомӯзии ҷавонон ва занҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И. гузашт. Дар ҷаласа кормандони гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва ширкати машваратии “Ориён” иштирок доштанд.

Саҳифаи 8 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ