exams m1Душанбе 17.01.2017. Дар давоми ду рӯзи охир (11 ва 13 январи соли 2017) дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод ва Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ноҳияи Мӯъминобод баъди анҷоми курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи барномаи VOLIP ташкил шуда буданд, 122 нафар ҷавон ва зани бекасбу ихтисос аз рӯйи касбҳои бофандагӣ (21 нафар), дӯзандагӣ (20 нафар), гулдӯзӣ (20 нафар) ва технологияи истеҳсоли консерва (20 нафар), қаннодӣ (41 нафар) имтиҳонҳои хатмро супорида, соҳиби касб гардиданд.

meeting MOES m1Душанбе 06.01.2017 с. Имрӯз дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар доираи татбиқи барномаи VOLIP ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми ҶТ  Одиназода Б., гузашт. Дар ҷаласа директори иҷроияи ГТЛ Шералиев М., Сардори раёсати таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбии Вазорати маориф ва илми ҶТ Саидзода Р., ҳамоҳангсози барномаи VOLIP Исмоилов И., намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ, роҳбарони марказҳои таълимии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва кормандони ширкати машваратӣ ва масъулони дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ иштирок намуданд.

course start m2Имрӯзҳо дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ройгон бо ҷалби зиёда аз 1500 ҷавон ва зан дар доираи  татбиқи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” оғоз гардиданд. Курсҳои мазкур аз рӯйи 17 касбу ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, муҳосиб, монтёри барқӣ, челонгари автомобил, турагент, дизайнороиши мӯй, рӯй ва нохун, технологияи истеҳсоли консерва, гулу дарахткорӣ ва кафшергари барқию газӣ дар 14 муассисаҳои таълимии касбӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқашуда идома дорад.

m1 shahrinavДушанбе 30.11.2016с. Имрӯз биноҳои таълимии Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав пас аз тармиму таҷдид мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар расми қабули корҳои иҷрогардида дар иншоотҳо муовини вазири маориф ва илми ҶТ Усмонзода Ф., директори ГТЛ ”Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Шералиев М., директори МД сохтмони асосии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидов Д. ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Корҳои барқарорсозии иншоотҳо дар доираи барномаи VOLIP аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии ҶСП “Сохтмон таъмир” ва ҶДММ “Қалъасоз” таъмир карда шуданд.

Саҳифаи 9 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ