БА ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН ва ЗАНОНИ

шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Сарбанд, Норак, Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Зафаробод, Хуросон, Мӯъминобод ва Ҳамадонӣ.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Шуморо ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ ва такмили малакаву маҳорати касбӣ барои солҳои 2016-2017, ки дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ташкил карда мешавад, даъват менамояд.

norak nov m1Душанбе, 16.11.2016. Имруз дар доираи татбиқи сиёсати созандаи бунёдкорӣ ва ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Маркази нави таълимии касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи маркази мазкур Вазири маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси шаҳри Норак Ҳурматов Ф., директори ГТЛ “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Шералиев М. ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Ин Марказ аз бинои асосии ду ошёна ва бинои ёрирасони як ошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд бунёд гардидааст. Корҳои сохтмони марказ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ва бо фармоиши Гурўҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Комплекс сохтмон» бо сифати хуб анҷом дода шудааст.

faizobod m1Душанбе 09.11.2016с. 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод биноҳои таълимии Литсейи касбии техникӣ пас аз таъмиру таҷдид мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар расми кушодашавии он директори ГТЛ ”Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Шералиев М., ҳамоҳангсози “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” Исмоилов И., директори МД сохтмони асосии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидов Д. ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.  Корҳои барқарорсозии иншоотҳо дар доираи барномаи (VOLIP) аз ҷониби ширкати маҳалии ҶДММ “Қалъасоз” аз моҳи январи соли 2016 то имруз амалӣ карда шуданд.

hissar main1Душанбе 02.11.2016с. Дар раванди чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи ҷамоати деҳаи “Ҳофиз”-и шаҳри Ҳисор бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми кушодашавии он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Саҳифаи 10 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ