логотип ВОЛИП 2

дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд, Хуросон, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод ва Зафаробод

 

 

 

 

ШУМОро барои дастрас намудани қарзҳои хурди исломӣ ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ва ниҳоят хурд даъват менамоем.

DSCN1298.JPG

Душанбе 25.11.2017с. Дирӯз дар дафтари кории Гурӯҳи тадбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи конститутсияи ҶТ, Рӯзи Президенти ҶТ ва Рӯзи парчами миллӣ ба анҷом расиданд. Дар се намуди мусобиқаҳо: шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз коргарони ГТЛ иштирок намуда, ғолибонро муайян намуданд. Раиси ГТЛ муҳтарам Шерализода М., коргаронро бо ин ҷашнҳо табрик намуда, сипас ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Инчунин бахшида ба ҷашнҳои  Рӯзи конститутсияи ҶТ, Рӯзи Президенти ҶТ ва Рӯзи парчами миллӣ дар дафтари ГТЛ семинарҳо баргузор гардиданд, ки баромадкунандагон дар бораи таърихи ин ҷашнҳо ва моҳияти онҳо суханронӣ намуданд. 

Чақалов

Душанбе 30.11.2017 с.Чақалов Шавкат – сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳунари касби қаннодӣ дошта ба ин касб кор ва фаъолият менамояд. Шавқу завқи ин касб дар дили ӯ аз падар ва бародараш ҷой дорад, ки онҳо низ ба ин касб машғул мебошанд. Аз хурдсоли Шавкат ба падару бародараш барои тайёр намудани маҳсулотҳои қаннодӣ кӯмак мерасонд.

Баъди хатми муассисаи тахсилоти миёнаи умумӣӯ барои таъмини оила ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москави Федератсияи Русия сафар намуда аз соли 2011 то 2016 дар фабрикаи қаннодӣ ба кор шурӯъ менамояд. Баъди панч солиғарибӣ Шавкат ҷиҳати ташкил намудани фаъолияти мустаъқилонаи худ ба Ватан бармегардад.

ГУЛДушанбе 20.11.2017с. Дар доираи татбиқи Барномаи саводнокии касбӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар ноҳияи Нуробод Маркази таълимии касбомӯзии наву замонавӣ, ки дорои синфхонаҳои Бофандагӣ, Дӯзандагӣ, Гулу дарахтпарварӣ, Қаннодӣ, Коркарди меваю сабзавот ва Ошпазӣ сохта онро бо тамоми таҷҳизотҳои таълимии зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида ба истифода супорид.Дар Маркази мазкур дар доираи барномаи VOLIP бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ доир ба 13 касбу ҳунари мардумӣ барои ҷавонони 18-24 сола ва занони хонанишини 24-49 сола кушода шуданд.

Саҳифаи 2 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ