Душанбе 03.11.17с. Дар доираи барномаи VOLIP бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 125 нафар ҷавонон ва занон аз ноҳияи куҳистони Мӯъминобод ва Нуробод касби замбӯриасалпарварӣ омӯзонида шуд, ки баъди анҷоми курсҳо соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки аз ин миқдор 63 нафарашонро занҳои хонанишин ташкил медиҳанд.

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ - Даркушоӣ куни на дарбандӣ

DSCN1018

Каримова Маърифат сокини деҳаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав бо касби дӯзандагӣ машғул аст. Ӯ аз хурдсолӣ ба ин касб шавқи беандоза дошт ва аз ҳамсолонаш бо куллӣ фарқ мекард. Дар рафти дарсҳои меҳнат ӯ гулдӯзӣ карда, аз худ нақшу нигорҳои нав ба нав  меофарид. Барои дастгирии оила Маърифат маҷбур шуд, ки пас аз мактаби миёна дигар хонишро тарк карда бо дӯзандагӣ машғул шавад.

DSCN0754

21.09.2017с. Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми ҶТ бо иштироки роҳбарони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ташкилотчиёни омӯзишии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ семинар баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади шарҳи миёнамуҳлати арзёбии раванди татбиқи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур муовинони вазири маориф ва илми ҶТ Усмонзода Ф.Б., Одиназода Б.Н., ҷонишини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сидиқов Н, директори ГТЛ Шерализода М.У., иштирок намуданд.

DSCN8112

Душанбе 29.08.2017с. Аввалин, 19 нафар хатмкардаи курсҳои касбомӯзӣ, ки дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” соҳиби касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Бофандагӣ”, “Қаннодӣ”, “Фурӯшанда - ташкилотчӣ”, “Ороишгари мӯй” ва “Сабзавотпарвар” гардида буданд, аз тарафи ташкилотҳои қарзии “Ҳумо”, “Эсхатабонк” ва “Имонинтрнешнл” тибқи принсипҳои исломии маблағгузори  дар ҳаҷми умумии зиёда аз 125,0 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок гирифта, фаъолияти кории худро дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Файзобод, Мӯъминобод ва Зафаробод ташкил намуданд.  

Саҳифаи 3 аз 12

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ