АМАЛИЁТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД 

Дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” амалиётҳои маблағгузории хурди исломии  “Муробаҳа ва  “Салам” истифода бурда мешавад.

АМАЛИЁТИ МУРОБАҲА:

Амалиёти Муробаҳа – ин аҳди фурӯши мол, ки дар асоси дархости мизоҷ аз тарафи Бонк харидорӣ шудааст. Нархи мол бо розигии тарафайн муайян карда мешавад, ки аз ҷамъи нархи харид ва изофапулӣ иборат мебошад. Моҳияти асосӣ – ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд мол мехаранд ва онро ба Мизоҷ бо шарти пардохти бомӯҳлат давра ба давра (в рассрочку) мефурӯшанд. Зимнан ташкилотҳои қарзӣ тамоми хатари амалиёти тиҷоратиро ба уҳдаи худ мегиранд. Қарордоди Мубораҳа байни ташкилоти қарзӣ ва Мизоҷ ба шакли хаттӣ ба таври оддӣ ё нотариалӣ баста мешавад. Ҳангоми фурӯши мол ба Мизоҷ тибқи қарордоди Мубораҳа ташкилоти қарзӣ бояд молики мол бошад. 

Амалҳо (қадамҳо)-иасосӣ зимни амалиёти Мубораҳа:

  1. Мизоҷ намуди мол ва молтаъминкунандаи ин молро муайян мекунад;
  2. Мизоҷ ба ташкилотҳои қарзӣҷиҳатидарёфтимаблағбароихаридории мол бо нархи бозфурӯшӣмуроҷиатмекунад;
  3. Ташкилоти қарзӣ ҷиҳати хариди мол розигӣ медиҳад;
  4. Ташкилотҳои қарзӣ маблағҳои пулҳороба молтаъминкунанда мегузаронад;
  5. Байни ташкилоти қарзӣ ва Миҷоз шартномаи муробаҳа баста мешавад;
  6. Байни ташкилоти қарзӣ ва молтаъминкунанда қарордод баста мешавад;
  7. Барои хариди мол маблағ пардохт карда мешавад;
  8. Молтаъминкунанда молро ба ташкилоти қарзӣ медиҳад.
  9. Ташкилоти қарзӣ молро ба мизоҷ медиҳад.
  10.  Мизоҷ аз рӯи ҷадвал дармӯҳлатҳои мувофиқашудамаблағро бозпардохт менамояд.

micro finance transactions e1

АМАЛИЁТИ САЛАМ

Амалиёти Салам – ин аҳди хариди мол дар асоси таҳвили таъхир гузошта, дар ҳолати пардохти арзиши мол дар лаҳзаи бастани шартнома (пешпардохт).

Салами мувозӣ – ин созишест, ки дар рафти он ташкилотҳои қарзӣ бо шахси сеюм оиди таҳвили мол қарордод мебанданд, ки мушаххасоти онҳо ба мушаххасоти дар қарордоди якуми Салам бо таъминкунанда муайян гардидааст, ба шарте, ки иҷрои қарордоди дуюми Салам аз иҷрои қарордоди якум вобастагӣ надошта бошад.

Дар доираи қарордодҳои Салам ва Салами мувозӣ ташкилотҳои қарзӣ  метавонанд ҳам харидор бошанд ва ҳам фурӯшанда. Ташкилотҳои қарзӣ хариду фурӯши молро тибқи дархости мизоҷе, ки қобилияти пардохтро дорад, анҷом медиҳанд. Барои анҷом додани амалиётҳои Салам қарордодҳои ҷудогона ё созишномаи куллӣ оиди ҳамкорӣ баста мешавад (имкон дорад дар доираи онҳо қарордодҳои алоҳида низ баста шаванд). Қарордоди Салам ба таври хаттӣ баста мешавад ва дар сурати талаботи қонунгузорӣ бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида, ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Нархи қарордодҳои Салам метавонад ҳам ба шакли пулӣ ва ҳам ба шакли молҳои қобили бо ҳам ивазшавада (молҳое, ки хусусиятҳои умумӣ доранд) муқаррар гардад. Агар нарх бо пул муайян шуда бошад, бояд асъор, андоза ва тарзи пардохт мушаххас гардад. Агар нарх ба шакли молҳои қобили бо ҳам ивазшаванда бошад, ба таври дақиқ бояд навъ, хел, мушаххасот ва миқдори он муайян карда шавад. Асъор, тило ё нуқра наметавонад мавзӯи қарордод бошад. Молҳо дар шакле бояд бошанд, ки имкони таҳияи мушаххасот вуҷуд дошта бошад.

Амалҳо (қадамҳо)-и асосӣ зимни амалиёти Салам:

1. Мизоҷ бо ташкилотҳои қарзӣ амалиёти Саламро барои моли муайян бо нархи ҷорӣ бо санаи таҳвили ояндаи мол қарордод мебандад;

2. Ташкилоти қарзӣ пешпардохти таҳвили молро бо нархи муомилаи Салам анҷом медиҳанд;

3. Дар санаи муайян Мизоҷ ба Ташкилот  молро аз рӯйи амалиёти Салам таҳвил медиҳад;

4. Ташкилоти қарзӣ молро дар бозор бо нархе, ки онро Ташкилоти қарзӣ дар асоси вазъи бозор муқаррар кардааст, мефурӯшад;

5. Ташкилоти қарзӣ аз фурӯши мол дар бозор фоидаеро ба даст меоранд, ки ҳамчун тафовут миёни нархи ҷорӣ ва нархи муомилаи Салам бо Мизоҷ ифода меёбад.

micro finance transactions e2

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ