“Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”

МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД  БАРОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ/ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”–ро тавассути ташкили омӯзиши касбӣ ва дастгирии молиявии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа роҳандозӣ намудааст, ки айни замон мавриди татбиқ қарор дорад.

МАҚСАДИ ЛОИҲА

“Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи омӯзиши касбии ҷавонон ва рушди малакаву маҳорати занони бекасб ва дастгирии молиявии онҳо ҷиҳати таъмин ба шуғл ва гирифтани даромад бо маблағгузори Бонки Исломии Рушд мавриди татбиқ қарор дорад.

ИДОРАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

Идораи маблағгузории хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Созишномаи маблағгузорӣ оид ба хатти маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”, ки аз 14 декабри соли 2016 байни Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бонки миллии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст, амалӣ мегардад.

Маблағҳои хатти маблағгузории хурд 2, 920 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки баъдан ҳамчун Фонди гардишӣ барои ихтиёрдорӣ ва идоракунӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба муддати 5 (панҷ) сол дода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон тавассути 8 (ҳашт) ташкилотҳои қарзии аз ҷиҳати молиявӣ устувор ва бонуфузи интихобшуда ташкили маблағгузории хурдро ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати  касбомӯзии барномаи VOLIP ба роҳ мемонад. Ин ташкилотҳои қарзӣ инҳоянд:

  • БДАТ “Амонатбонк”
  • ҶПС “Эсхатабонк”
  • ҶПС “Спитаменбонк”
  • Бонки байналмилалии Тоҷикистон
  • ҶПС ТАҚХ “Имонинтернешнл”
  • ҶПС ТАҚХ “Хумо”
  • ҶДММ ТАҚХ“Сафӣ
  • Фонди қарзииБоршуд

ТАЪИНОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

Маблағгузории хурд танҳо барои дастгирии хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии барномаи VOLIP, ки соҳиби касб гардиданд ва хоҳиши ташкили фаъолияти корӣ/шуғли пурмаҳсулро доранд, пешниҳод мегардад. Инҳо, ҷавонписарон ва духтарони 18-24 сола ва занҳои 24-49 сола мебошанд.

ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН БАРОИ ДАСТРАС НАМУДАНИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД  ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:

  • Нусхаи шиносномаи шахсӣ;
  • Нусхаи шаҳодатномаи касб;
  • Рақами ягонаи андозсупоранда ;
  • Дархост (тибқи шакли пешниҳодшуда);
  • Лоиҳаи пешакии бизнес-нақша;
  • Кафолатномаи шахсӣ ё ҷамъиятӣ;

Инчунин ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба зарурият метавонанд баъзе ҳуҷҷатҳои дигарро низ талаб намоянд.

ТАРТИБИ ДАСТРАС НАМУДАНИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

  • Қадами 1. Муроҷиат ба корманди бонк дар шаҳру ноҳияҳо.
  • Қадами 2. Пешниҳоди бизнес-нақша, пур кардани дархост ва дигар ҳуҷҷатҳо.
  • Қадами 3. Омода кардани номгӯйи ҳамаи ҳуҷҷатҳо (то 5 рӯзи корӣ).
  • Қадами 4. Қабули қарор ва бастани қарордод оид ба маблағгузории хурд.
  • Қадами 5. Дастрас намудани маблағгузории хурд

ШАРТҲОИ ДОДАНИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

  • Маблағгузории хурд дар доираи амалиётҳои маблағгузории исломии “Муробаҳа” ва “Салам” анҷом дода мешавад.
  • Андозаи маблағгузорӣ барои як нафар аз 400 то 1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
  • Фоизи солонаи фоида: 5 фоиз (як моҳа 0,41%)
  • Мӯҳлати маблағгузорӣ:  то 12 (дувоздаҳ) моҳ.
  • Мӯҳлати имтиёз барои бозпардохти маблағ: 3 (се) моҳи аввал аз санаи дарёфти маблағ.
  • Таҳияи бизнес-нақшаҳо ройгон.
  • Бе гарав, дар асоси шаҳодатномаи шахсӣ ё кафолатномаи  Шӯрои маҳалла ва ҷамоат. Таҷҳизоту маводи дастрасгардида низ метавонад  ҳамчуни гарав истифода шаванд.

МИНТАҚАИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА: шаҳру ноҳияҳоиДушанбе, Ҳисор, Сарбанд, Норак, Хуросон, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Зафаробод, Шаҳринав, Файзобод ва Нуробод.

 micro finance bank institutions photo

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ