Дар Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 то 23 майи соли 2017 барои ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзии интихобшудаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Сарбанд, Норак, Хуросон, Мӯъминобод, Ҳамданӣ, Зафаробод, Шаҳринав, Файзобод ва Нуробод  дар мавзӯъи маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.  Дар семинарҳои мазкур зиёда аз 110 нафар корманд аз ташкилотҳои қарзии БДАТ “Амонатбонк”, ҶПС “Эсхатабонк”, ҶПС “Спитаменбонк”, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ҶПС ТАҚХ “Имонинтернешнл”, ҶПС ТАҚХ “Хумо”, ҶДММ ТАҚХ“Сафӣ” ва Фонди қарзииБоршуд инштирок намуданд.

Семинарҳои омӯзишии мазкур бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва таҷрибаи ҳайати роҳбарикунандаи ва кормандони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ташкили хизматрасонии молиявӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ барои амалӣ намудани барномаи VOLIP ташкил шуд. Дар онҳо, ҷиҳати баррасии масъалаҳо оид ба асосҳои маблағгузории исломӣ, маблағгузории хурди исломӣ ва имконияҳои истифодаи он дар шароити Тоҷикистон, ҷараёни татбиқи низоми бонкдории исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, шарту шароитҳои созишномаҳои фаръӣ, шарту талаботҳо ва амалиётҳои маблағгузории хурди исломӣ дар доираи барномаи VOLIP ва тарзи истифодаи амалиётҳои муробаҳа ва салам аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Муҳаммад Зубайр ва инчунин мутахассисони варзидаи Бонки миллии Тоҷикистон Кибриё Уроқова ва Муслим Бердиев муаррифӣ пешниҳод гардид. 

Замимаҳо:

Муаррифиҳои пешниҳодшуда:

1. Асосҳои маблағгузории исломӣ -Islamic Microfinance - М.Зубайр – 16 -23.05.2017;
2. Принсипҳои асосии фаъолияти бонкии исломӣ ва маблағгузорӣ. Амалиёти (аҳди) Муробаҳа - Уроқова К_16-23.05. 2017
3. Шарту талаботҳои маблағгузории исломӣ тибқи амалиёти Салам ва Салами мувозӣ дар барномаи VOLIP - 16-23. 05 2017.
Маводи ёрирасон:
1. Буклет оид ба қарзҳои хурди имтиёзнок барои  ташкили фаъолияти корӣ/шуғли пурмаҳсул;
2. Дастур оид ба амалиёти маблағгузории исломӣ (муробаҳа ва салам);
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ