Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистондар заминаи Созишномаи қарзӣ (TAD-0048/49) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд аз 11 январи соли 2013 ба имзо расонида шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Татбиқи амалии он дар асоси банди 12-и Протоколи вохӯри бо миссияи Бонки Исломии Рушд аз 26 январи соли 2014 ба уҳдаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна вогузор карда шуд.

Агентии иҷроияи ЛоиҳаВазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон.

Агентии татбиқ кунадаи Лоиҳа – Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна.

Мақсади асосии лоиҳа

Паст намудани сатҳи камбизоатӣ, хусусан байни ҷавонон (аз 15 – 24 сола) ва занҳои бетахассуси деҳот (24 49 сола), бо роҳи баланд намудани қобилияту малакаи касбии мувофиқ, тавассути омӯзиши касбӣ ва дастгирии молиявӣ ҷиҳати таъмини шуғл ва гирифтани даромад барои пешбурди зиндагӣ мебошад.

Қисматҳои Лоиҳа

Татбиқи лоиҳа дар доираи чор қисмат амалӣ мегардад:

1. Омӯзиши касбии ҷавонон;

2. Маълумотнокии касбӣ ва омӯзиши коргарзанҳо;

3. Маблағгузории хурд барои ҷавонон ва коргарзанҳо;

4. Дастгирии идораи лоиҳа.

Маблағгузории лоиҳа

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Исломии Рушд, Фонди Исломии ҳамраъйӣ оид ба рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳудуди татбиқи Лоиҳа

Лоиҳа дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои зерин татбиқ мегардад:

Вилояти Хатлон: шаҳру ноҳияҳои Норак, Сарбанд, Мир Сайиди Алии Ҳамадонӣ, Мӯъминобод ва Хуросон.

Вилояти Суғд: ноҳияи Зафаробод.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: Ҳисор, Шаҳринав, Файзабод ва Нуробод.

Шаҳри Душанбе: ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.

Натиҷаҳои ниҳоӣ

Нишондиҳандаҳои ниҳоии зерин ба даст оварда мешаванд:

  • чор бинои нави маркази таълимӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Мӯъминобод, Хуросон ва Нуробод сохтаю таҷҳизонидамешавад;
  • ҳашт бинои муассисаҳои таълимии амалкунанда дар шаҳрҳои Душанбе ва Сарбанд, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав ва Зафаробод таҷдид ва таҳҷизонида мешаванд;
  • На кам аз 35 нақшаю барномаҳои таълимӣ барои курсҳои кутоҳмуддат таҳия ва такмил дода мешаванд;
  • Бештар аз 500 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд;
  • 13 000 нафар ҷавонон ва коргарзанҳо аз омӯзиши касбӣ гузашта, соҳиби касб гардида, маҳорати касбии худро такмил медиҳанд;
  • Бештар аз 7 000 нафар баҳра барандагони лоиҳа (4 000 нафар ҷавонон ва000 нафар коргарзанон) аз қарзҳои хурди имтиёзнок истифода мебаранд.

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ