БА ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН ва ЗАНОНИ

шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Сарбанд, Норак, Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Зафаробод, Хуросон, Мӯъминобод ва Ҳамадонӣ.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Шуморо ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ ва такмили малакаву маҳорати касбӣ барои солҳои 2016-2017, ки дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ташкил карда мешавад, даъват менамояд.

Душанбе 23.09.16. Дар идомаи сиёсати созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.  Мактаб дар ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷойгир буда, барои 1300 толибилм дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои асосии мактаб 2 ошёна ва дорои 28 синфхона, 10 утоқи корӣ, 2 китобхона, ки яке электронӣ, толори фарҳангӣ ва толори варзишӣ мебошад.

Душанбе, 23.08.2016. 20-уми августи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи сиёсати созандаи бунёдкорӣ ва ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои омодагии сазовор ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як зумра иншооти наву замонавии таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Саҳифаи 1 аз 8

ВИДЕОТАСВИР

 

Махзани расмҳо

МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ